Дар Тоҷикистон 45 корхонаи саноатӣ дар марҳилаи барҳамхурӣ ва муфлисшавӣ қарор дорад

© Foto / Свободная экономическая зона "Сугд"В СЭЗ "Сугд" ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2019 дар Тоҷикистон 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонд, ки нисбат ба соли 2018 камтар будааст. Дар соли 2018 шумори корхонаҳи аз фаъолият бозмонда 180 ададро ташкил медод

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноати ва технологияи нави Тоҷикистон, дар кишвар дар соли гузашта аз 149 корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, 45 корхона дар марҳилаи барҳамхурӣ ва муфлисшавӣ қарор дорад.

Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

“Инчунин, аз ин шумор 29 корхона бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот ва надоштани ашёи хом, 23 корхона бо сабаби фарсудашудани таҷҳизот, 9 корхона бо сабаби надоштани иҷозатномаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва 43 корхона бо сабабҳои мавҷудияти қарзҳо аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳо дар назди буҷети давлатӣ, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ буданашон, надоштани фармоиш, мушкилоти молиявӣ дар марҳилаи бунёд ва муҷаҳҳазгардонӣ қарор даштан (навтаъсис) фаъолият надоранд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, бештар корхонаҳо дар ноҳияҳои тобеъӣ марказ ва Хатлон аз фаъолият бозмондаанд.

“Дар соли 2019 дар Суғд - 32 корхона, Хатлон - 39 корхона, шаҳри душанбе - 33 корхона, ВМКБ - 5 корхона ва дар ноҳияҳои тебъӣ марказ 40 корхона аз фаъолият бозмонданд”, - қайд намудаанд Вазорати саноати Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр намудааст, ки дар соли 2019 дар ҷумҳури зиёда за 2164 корхонаи саноатии ҳисобдиҳанда ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 219 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0