Эълони имтиёзҳои зиёд ба соҳибкорон аз ҷониби роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон

© Foto / Министерство транспорта в РТПоезд в Таджикистане, архивное фото
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон 13-истгоҳи роҳи оҳан мавҷуд буда, аз таъмири умумӣ бароварда шуда барои содирот ва воридоти тамоми намуди борҳо ва қабулу гусели мусофирон омода карда шудааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтаи матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Хатлон як қатор иқдомҳоро барои  интиқоли саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ намудааст.

Железная дорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КВД "Роҳи оҳан" бо БАОР ва "KazakhExport" созишнома имзо намуд

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки бо мақсади дастгири ва ҳавасмандсозии кишоварзону тоҷирони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми боркашони тавассути роҳи оҳани минтақаи Хатлон - Амузанг, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон" сабукиҳои имтиёзнок барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандагон пешниҳод намудааст.

Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳад

“Ҳамасола КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон" бар зарари худ ҳам бошад бо мақсади мусоидат барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ сабукиҳои имтиёзнок барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандагон пешниҳод мегардонад. Манбаъ қайд намудааст, ки барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг тавассути нимвагон 50 дарсад, вагони болопуш 40 дарсад, ва барои интиқоли пиёз ва маҳсулотҳои кишоварзии зудвайроншаванда аз хамаи истгоҳҳои вилоят 60 дарсад сабукиҳо пешниҳод шудааст”, - таъкид намудааст мақомоти вилояти Хатлон.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки барои ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои ҳама намуди борҳои аз минтақаи Хатлон интиқолшаванда 40 дарсад сабукиҳо пешниҳод шудааст.

Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон барои ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод кард

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки барои кашонидани хокаи клинкер аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Ҷ. Балхи 70 дарсад сабукӣ дода шудааст.

Мақомоти вилояти Хатлон ҳамчунин зикр кардааст, ки роҳбарияти роҳи оҳани Тоҷикистон барои зиёд намудани содироту воридоти ҳама намуди борҳо ба минтақаи Хатлон, бо роҳи оҳани дигар давлатҳо як қатор вохуриҳои дуҷониба анҷом дода дар натиҷа чанд сабукиҳои дигар пешниҳод шудааст.

“Барои интиқоли борҳои транзитие, ки тавассути қаламрави Ӯзбекистон мегузаранд барои ҳама намуди бор дар вагонҳои инвентари 40 дарсад, ва дар вагонҳои шахси 35 дарсад сабукиҳо пешниҳод шудааст”, - хабар додааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0