Ҳудуди ҳафт автомашина бо 20 мусофир наздики 10 километр дуртар аз шаҳри Ерейментаи вилояти Ақмола дар ғарами барф дармонданд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, мусофирон дар макони беодам руст карданд ва аз сабаби боришоти шадиди барф ҳатто имкони ёфтани роҳ низ ғайриимкон буд.
Аз ин рӯ наҷотбахшон тасмим гирифтанд, ки ресмони наҷотро кашанд ва ба ин васила одамонро аз ҷойи ҳодиса ба макони бехавф интиқол диҳанд.
Гуфта мешавад, интиқол додани мусофирон ба хубӣ анҷом ёфт ва ба ягон нафари онҳо кумаки тиббӣ лозим наомад.