ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мақомоти Покистон хабар доданд, ки ҳудуди сад нафар дар ин кишвар аз сармои шадид ҷон доданд. Бештари ин ҳалокшудагон сокинони Кашмир мебошанд.
Гуфта мешавад, се деҳа дар ин минтақа дар натиҷаи бориши бесобиқаи барф ва фаромадани тарма зери ғарами барф монданд ва мақомот мегӯянд, ки феълан дар мавриди вазъияти аксари сокинон маълумот надоранд.
Ҳалокати 14 нафар дар Афғонистон бар асари сармо ва барфи зиёд
Роҳҳои зиёде дар ин минтақа бастаанд, ҳаракати мошинҳо бинобар тоза набудани масир аз барфу тарма ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.
Зимнан, дар Афғонистон низ аз бориши шадиди барф то кунун 39 нафар ҷон додаанд. Аммо ҳукумати ин кишвар мегӯяд, шумори ҳалокшудагон ба эҳтимоли зиёд аз ин адад бештар мебошанд.
Гузашта аз ин, дар Афғонистон беш аз 300 манзилщои зист бар асари зери барфу тарма мондан, вайрону валангор гардиданд.