Дастархондортарин бонуи Душанберо шаҳрдории пойтахт қадрдонӣ кард

Обуна шудан
Дар натиҷаи озмун сазовори ҷойи якум бо маблағи 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik.  Чанде пеш дар Душанбе даври шаҳрии озмуни "Озмуни дастархонороӣ" дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Праздничный стол в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Қарори шаҳрдорӣ барои ташкили “Озмуни дастархонороӣ” ва ҷашнвораи “Ҳунар омӯз”

Дар он ғолибони 4 ноҳияи шаҳр, ки бо санъати баланд дар эҳёи анъанаҳои дастархонороӣ саҳм гузоштанд, ҳунари худро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинони ин озмуни ҳунари миллӣ намуданд.

Озмуни мазкур дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона фароҳам овардани имконият барои беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо ба шумор меравад.

Лозим ба зикр аст, ки "Озмуни дастархонороӣ" дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо мекунанд.

Дастархонороӣ: Кумитаи дин ва танзими анъана озмун эълон мекунад

Ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будан, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ гардид.

Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, сазовори ҷойи якум   ноҳияи Сино бо маблағи 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм ноҳияи Фирдавсӣ 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ноҳияи Шоҳмансур бо маблағи 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0