ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ мақомоти пойтахтро барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани “Озмуни дастархонороӣ” дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муваззаф кардааст.
“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 9 ҳазору 980 сомониро ба бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд”, - омадааст дар қарор.
Мукофот 10 ҳазор сомонӣ: Шоҳмансур ва Мурғоб ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” гардиданд
Бо қарори дигар, масъулин муваззаф шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани ҷашнвораи заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз …”, тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
Рустами Эмомалӣ назорати иҷрои қарорҳои мазкурро ба зиммаи муовинонаш вогузоштааст.