Вазорати фарҳанг костагӣ ва мушкилоти театри тоҷикро баррасӣ кард

© © Sputnik / Амир ИсаевТеатр им Лахути
Театр им Лахути - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилоти театри тоҷик бо ҳунарпешагон , мунаққидону коргардонҳо ҷаласа баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назариён барои ҳаллу бапррасӣ намудани костагӣ ва мушкилоти умдаи театри тоҷик бо ҳузури кормандони ин соҳа ҷаласа баргузор намуд.

Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Раҳмон аз кори театрҳои Тоҷикистон ва ҷаласаи Орумбекзода

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷаласа мавзӯъҳои мубрами марбут ба фаъолияти театрҳо, аз ҷумла "Мушкилот ва пешомадҳои драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият", "Ҷустуҷўй ва ковишҳо дар асарҳои драмавии имрўза", "Андешаҳо перомуни репертуари театрҳои кишвар", ва инчунин "Драматургия ва мақоми он дар ҷомеа" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафири Фаронса дар мулоқот бо вазири фарҳанг аз таваҷҷӯҳ ба шашмақом ва синамои тоҷик гуфт

Дар ҷараёни ҷаласа пешниҳод гардид, ки минбаъд байни драматургон ва коргардонҳо ҳамкориҳои зич ба роҳ монда шавад.

Шомил намудани намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг, таъсиси нашрияи театрӣ, ташкили фестивалҳои байналмилалии театрӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи таклифу пешниҳодҳои дигаре буданд, ки зимни ҷаласа ироа гардиданд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маҷлиси васеи Ҳукумат аз сифати намоишҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ интиқод карда буд.

Лентаи хабарҳо
0