ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён бо роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ, роҳбарони ансамблҳои ҳунарӣ ва коргардонҳо вохӯрӣ анҷом доданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати фарҳанг.
Мулоқоти вазир бо роҳбарони муассисаҳои театрӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маҷлиси васеи Ҳукумат аз сифати намоишҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ интиқод кард.
Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео
Зимнан, вазири фарҳанг бо баргузор кардани вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои театрӣ ва консертӣ масоили омолагӣ ба ҷашнҳои Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи касбият дар омода кардани барномаҳои ҳунарӣ ва интихоби суруду оҳанг мавриди баррасӣ қарор дод.
Орумбекзода пешниҳод намуд, ки ҳафтаи оянда дар толори Вазорати фарҳанг машварати васеъ баргузор карда шавад.
Озода Раҳмон ва Шамсиддин Орумбекзода: 10-гонаи беҳтарини соли 2019 муайян шуд
Дар машварати оянда вазири фарҳанг ба иштироки роҳбарони муассисаҳои театрӣ, коргардонҳо, ҳунарпешаҳо ва драмнависон таъкид намуд. Вазири фарҳанг бар ин бовар аст, ки дар сурати ҳамкориҳои зичи драмнависону коргардонҳо, намоишномаҳои арзанда эҷод хоҳанд шуд.