ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар фасли сармо бархе аз сокинони навоҳӣ мушкили дастрасӣ ба барқро доранду зиёда 12 ҳазор нафар – 4 дарсади сокинони ВМКБ умуман аз имкони истифодаи нерӯи барқ маҳруманд.
“Помир энержӣ” камбуди барқро дар фасли зимистон ба камшавии об рабт дода, барои таъмини истиқлолияти пурраи энергетикӣ нақшаҳо то соли 2022-ро ироа намудааст.
“Сохтмони НОБ - и Себзор бо иқтидори 11 МВт бо маблағи зиёда аз 43 миллион доллар то соли 2022, сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 квт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 доллар то моҳи июни соли 2020, сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибрид - офтобӣ ва бодӣ дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг бо арзиши лоиҳавии 5 миллион доллар то 2022”, - аз бандҳои муаррификардаи “Помир энержӣ” мебошанд.
Манбаъ афзудааст, ки сохтмони НОБ-и Хатфат бо иқтидори 450 квт дар деҳаи Рошорв баҳри таъмини аҳолии 5 деҳа бо маблағи 2,1 млн доkлар то соли 2021 анҷом дода меёбад.
Сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ 110 киловолтии Хоруғ - Қозидеҳ, Поршинев - Буни, Буни - Вомар, Дашти Язгулом – Сурхсангови ноҳияи Ванҷ ва бо ҳамин пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят бо шабакаи ягонаи ҷумҳурӣ, аз бандҳои дигари нақша мебоошанд.
Инчунин дар назар аст, зеристгоҳи барқӣ 35/110 кв дар мавзеҳои Помир 1 дар нимаи аввали соли 2020, мавзеи Себзор ва шаҳри Хоруғ бунёд мегардад.
Таъмин намудани 42 000 аҳолии Вилояти Бадахшони Афғонистон бо нерӯи барқ тавассути сохтмони хатҳои барқии байнимарзӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвоз аз ниятҳои дигари “Помир энержӣ” дар солҳои наздик мебошад.
"Помир-Энержӣ": сокинони Бадахшон 24 соат бо барқ таъмин ҳастанд
Таъкид шудааст, ки бо мусоидати Ҳукумат ва ҷалби шарикони рушд 33 барнома бо харҷи 111 миллион доллар амалӣ шуда, тавоноии энергетикии вилоят аз 23,7 МВт дар соли 2003 ба 44,1 МВт дар соли 2019 расонда шуда, дар ду-се соли оянда ба 55 МВт баробар мегардад.
Раиси вилоят ин пешравиҳоро назаррас арзёбӣ намуда, вале қайд кард, ки бо рушди саноат ва инфрасохтор дар солҳои наздик 55 МВт барои вилоят боз нокифоя хоҳад хоҳад шуд ва зарурати сохтмони НОБ-и бузургтар ба мисли Санобод тақозои вақт аст.