ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотии ахири худ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар пайи роҳандозии низоми биллингӣ қарор аст ҳисобкунакҳои барқии Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон пурра табдил шаванд.
“Низоми биллингӣ муҳосабаи дуруст ва шаффофи истеҳсол, интиқол ва фурӯши барқро фароҳам хоҳад кард, ки дар пайи иҷрои тарҳи коҳиши талафоти тиҷориву фаннии барқ имконпазир хоҳад шуд. Иҷрои тарҳ дар Тоҷикистон ду сол ба ин сӯ идома дорад. Дар шаҳри Хуҷанд ба итмом расидааст. Қарор аст ин тарҳ дар Кӯлобу Бохтар бо сармоягузории 20 миллион еврои Бонки рушду тавсеаи Аврупо ва қисме ҳам гранту қарзҳои имтиёзии Иттиҳоди Аврупо нимаи дуюми соли равон амалӣ шавад. Дар шаҳри Душанбе сармоягузории тарҳро Бонки рушди Осиё бар дӯш дорад, ки 75 миллион доллар тахсис додааст ва 50 миллиони он барои низоми биллингӣ сарф мешавад. Корҳои омодагӣ дар пойтахт то охири сол ба анҷом мерасанд ва иҷрои тарҳ соли оянда шурӯъ мешавад”, - гуфт вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ӯ, дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 600 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ вуҷуд доранд, ки дар пайи гузариш ба низоми биллингӣ 50% - и онҳо табдил мешаванд, аз ҷумла дар Кӯлоб 32 ва Бохтар 18 ҳазор. Ба қавли Усмонзода, ҳисобкунакҳои барқӣ барои сокинони кишвар ройгон насб хоҳанд шуд ва тибқи низоми биллингӣ мардум имкон хоҳанд дошт, ки тариқи телефон ва ё корт маблағи барқи худро пардохт кунанд.
“Кортҳое, ки сокинон барои пардохти ҳаққи барқ ба даст хоҳанд овард, низ маҷҷонӣ таслим мешаванд”, - гуфт вазир.
Дар ҳамин ҳол, Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бори дуввум аст, ки шоҳиди табдили ҳисобкунакҳои барқӣ мешавад. Солҳои 2008 – 2009 ҳудуди 160 ҳазор ҳисобкунаки бозмонда аз даврони шӯравии пойтахт пурра аз ҳисоби “Барқи тоҷик”, ягона ширкати истеҳсол, интиқол ва фурӯши Тоҷикистон, ба ҳисобкунакҳои навъи чинӣ табдил шуда буданд. Ин тарҳро, ки харҷаш маълум нашуд, Ассосиатсияи рушди Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумати Швейтсария ва худи ширкати “Барқи тоҷик” сармоягузорӣ карда буданд.
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ҳисобкунакҳое, ки солҳои 2007 – 2008 дар шаҳри Душанбе насб шуда буданд, пас аз табдил дар деҳоти дурдаст насб хоҳанд шуд.
“Онҳо технологияи солҳои 2004 – 2005 буданд. Онҳоро дар деҳоти дурдаст ҳамчун ҳисобкунакҳои электронӣ насб мекунем, ҷоҳое, ки аз марокизи назоратӣ дар масофаи 50 – 100 километр дуранд”, - гуфт Усмонзода.
Гузариш ба низоми биллингӣ ва харҷи зиёд барои насби ҳисобкунакҳои электронии нав ҳам дар ҳолест, ки "Барқи тоҷик” бо вуҷуди тавлиди солона ҳудуди 20 миллиард киловат соат барқ дар чанги қарзҳои ҳангуфт уфтодааст.
Тибқи иттилои расмӣ, то охири соли 2018 қарзи хориҷии ширкати ба марзи 25 миллиард доллар наздик омада буд. Масъулин мегӯянд, гузариш ба низоми биллингӣ ҳам ба он хотир аст, ки қарзҳо аз байн раванд ва низоми барқи кишвар дар хизмати рушди иқтисоди кишвар қарор гирад, на ба манбаъи қарзу мушкилоти дигар табдил ёбад.
Усмоналӣ Усмонзода гуфт, назорат беҳтар ва талафоту таъсири инсонӣ бояд кам шавад, Вай афзуд, таҷрибаи шаҳри Хуҷанд ва ҳам “Помир энержӣ” дар Бадахшон, ки пештар ба низоми биллингӣ гузашта буд, нишон доданд, ки ҷамъоварии маблағ 100%, ва талафот аз 18 ба 10% кам шудааст.
“Низоми биллингие, ки дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шудааст, тамоми нишондиҳандаҳоро дар пойгоҳи хотираи худ нигоҳ медорад. Касе наметавонад онро аз миён барад ё тағйир диҳад. Нозири барқ ё ҳар касе, ки хоҳад дастгоҳи ҳисоби барқиро тағйир диҳад, дастонаш баста аст, зеро ӯ дастгоҳро метавонад, тағйир диҳад, аммо на иттилоъро, ки дар пойгоҳ ҳамон лаҳза сабт шуда, маҳфуз мондааст. Ё агар дастгоҳ ба далели тахриб шудан иваз карда шавад, иттилои он низ аз байн меравад, аммо дар низоми биллингӣ ин иттилоъ ҳамон лаҳза дар хотираи низом мемонад. Ин як роҳи муассири аз миёни бурдани талафоти тиҷоратӣ аст”, - афзуд Усмонзода.
Муҳаммадумар Асозода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” таҷрибаи дигареро дар Рӯдакӣ, ноҳияи ҳамшафат бо шаҳри Душанбе зикр кард.
Вай гуфт, “Барқи тоҷик” 7500 ҳисобкунаки сефазаи интелектуалиро ба манзури коҳиш додани шиддати паст дар истгоҳҳои трансформаторӣ ва таъмин кардани тавозун барқ аз трансформаторҳо то харидори аслӣ харидорӣ кард, ки 2000 адади он дар ноҳияи Рӯдакӣ насб шуданд.
Вай афзуд: “Соли 2019 дар қиёс бо соли 2018 ҳаҷми барқи фоиданок дар ташкилоту корхонаҳо 19,7%, маблағи барқи ҳисобшуда 42, 9% ва маблағи ҷамъоваришуда 50,8% афзоиш ёфт. Яъне чӣ? Талафоти барқ дар шиддати паст ба вуҷуд меояд. Аммо вақте дастгоҳҳо интиқоли шиддати баландро ҳифз мекунанд, талафоти барқ низ аз миён меравад”.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз сокинони Тоҷикистон аз ин хабар ба ташвиш афтодаанд, ки пас аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ барқ аз тариқи пешпардохт тавзеъ мешавад ва ин ҳол қишри камбизоатро дар ҳолати ногувор ва маҳрумият қарор хоҳад дод.
Усмоналӣ Усмонзода гуфт, ин низом ҳеҷ гоҳ ҷорӣ нахоҳад шуд, агар шавад ҳам маҷбурӣ нахоҳад буд ва шаҳрвандон тибқи маъмул фақат муваззафанд ҳаққи барқро саривақт пардохт кунанд.
“Дар низоми нави мо пардохти ҳаққи барқ он гуна, ки буд, ҳамон тавр хоҳад монд. Аммо дар вақти муайян, 10 ё 15 рӯз, ки худи низом муайян кардааст, интиқоли барқ бидуни таъсири инсонӣ қатъ карда мешавад. Хабар намедиҳад, фақат муҳлат, ки пурра шуд, интиқоли барқро қатъ мекунад. Бигзор ки соат 12 – и шаб бошад, ё 6 – и субҳ. Дар Хуҷанду Бадахшон айни низом кор мекунад”, - гуфт Усмоналӣ Усмонзода.
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, на фақат дар манозили мардум, балки дигар иншоотҳои марбут ба “Барқи тоҷик” ҳисобкунакҳо насб мешаванд.
Вай гуфт, бо кӯмаки Бонки рушди Осиё лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои яклухти ҳисоби барқ барои неругоҳҳои барқӣ, зерпойгоҳҳои 500, 220 ва 110 – киловолта, дар умум 1 860 ҳисобкунак ва трансформатори ҷараён ва шиддат ба нақша гирифта шудааст.
“Имрӯз 50% - и корҳо анҷом шудаанд ва то охири сол ба итмом мерасад. Дар сатҳи 220, 110 ва 35 киловолт дар тамоми кишвар дар 350 зеристгоҳ пурра ҳисобкунак насб мешавад. Қисмати шиддати баланд, ки тамом шуд, қисмати шиддати пасти 10, 6, 4 – киловолта боқӣ мемонад, ки кори оянда хоҳад буд”, - гуфт Усмоналӣ Усмонзода.