“Камарро бандед!” Генерал Дӯстум омодабош эълон кард

© AP / Aijaz RahiВице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдурашид Дӯстум, муовини якуми раисҷумҳури Афғонистон аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки ба пуштибонӣ аз ҳукумати мувозӣ таҳти раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Генерал Дӯстум, ки дар ҷамъи ҷонибдорони худ дар шаҳри Шибирғон, маркази маъмурии вилояти Ҷузҷон сӯҳбат мекард, ба як лаҳни шадид эълони натиҷаҳои интихоботи раёсатиҷумҳуриро “хиёнати миллӣ” хонда, гуфт, ӯ ва ҷонибдоронаш ҳеҷ гоҳ ин натиҷаҳоро қабул нахоҳанд кард.

Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғаниро напазируфт - видео

“Ба зудӣ тими “Суботу ҳамгироӣ” – и Доктор Абдуллоҳ ҳукумати мувозии худро ба намояндагӣ аз тамоми ақвоми Афғонистон эълон мекунад. Шумо, мардум, аз патака (тарс додан) – ҳо натарсед ва камаратонро сахт баста, ба ҳимоят аз ин ҳукумат омода бошед”, - гуфт генерал Дӯстум. Суханронии генералро телевизиони Тулӯъ ва бархе шабакаҳои дигари Афғонистон дар пахши мустақим намоиш доданд.

Ишораи Дӯстум ба таҳдидҳои бархе аз аъзои тими “Давлатсоз”-и Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст, ки гуфтанд, нерӯҳои байнулмилалӣ ва НАТО ҳама гуна саркашӣ ва марказгурезии нерӯҳо дар Афғонистонро саркӯб хоҳанд кард.

Комиссияи интихоботи Афғонистон пас аз 5 моҳи натиҷагириҳо ахиран Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро бо касби беш аз 50% раъйи мардум барандаи интихоботи президентӣ эълон кард.

Рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ худро пирӯз эълон намуда, гуфт, ки ба зудӣ як ҳукумати ҳамашумулро таъсис хоҳад дод.

 Ашраф Гани президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Ашраф Ғанӣ расман дубора ба симати раисҷумҳури Афғонистон расид

Абдурашид Дӯстум тайи 30 соли ахир раҳбари бебаҳси ӯзбекҳои Афғонистон маҳсуб мешавад. Ӯро як чеҳраи “подшоҳсоз”-и Афғонистон мехонанд. Нақши ӯ дар суқути ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ ва ҳам Бурҳонуддини Раббонӣ дар солҳои 90 – уми асри гузашта ҳалкунанда буд.

 Дар интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2014 Дӯстум аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҷонибдорӣ кард ва ба мақоми муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон расид, аммо ҳузури ӯ дар утоқи кориаш ҳатто ду сол тӯл накашид. Соли 2016 ӯ ба Шимол – мақарри будубош ва минтақаи нуфузи хеш баргашта, табли мухолифат бо Ашраф Ғаниро навохт. Дар интихоботи президентии соли 2019, дар ҳоле ки ҳанӯз расман муовини аввали раисҷумҳури Ғанӣ шинохта мешуд, ӯ ба тими Доктор Абдуллоҳ пайваст. Ӯзбекҳои Афғонистон, бино ба тахминҳои коршиносони Афғонистон, ҳудуди 10% - и собити раъйдиҳандагони кишварро ташкил медиҳанд ва дар қиёс бо ақвоми дигар аксарияти кул аз як роҳбар, он ҳам генерал Дӯстум, итоат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0