ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “ИРНА”, Фазлаҳмад Маънавӣ, аз аъзои аршади тими “Субот ва ҳамгароӣ” гуфт, натиҷаи эъломшуда аз сӯйи Комиссияи мустақили интихобот машрӯият надорад.
Вай таъкид кард, тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар муқобили ин натиҷа меистад. Фазлаҳмад Маънавӣ дар айни ҳол эълом накард, ки тими “Субот ва ҳамгароӣ” чӣ иқдомотеро дар дастур кор дорад.
Дар чанд рӯзи гузашта аъзои аршади тими “Субот ва ҳамгароӣ”, аз ҷумла генерал Абдуррашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, Муҳаммадкарим Халилӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдат ва Салоҳуддин Рабонӣ, раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон гуфта буданд, ки дар сурати эълом шудани Ашраф Ғанӣ ба унвони пирӯзи интихобот давлати мувозӣ эҷод хоҳанд кард.
Натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон имрӯз эълом ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо касби ҳудуди 51 дарсади ороъ барандаи интихобот шуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ бо ба даст овардани 39.52 дарсади ороъ дар раддаи дувум қарор гирифт.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор шуда буд.