Боздошти корманди идораи замини шаҳри Исфара бо 12 ҳазор доллар пора

CC BY-SA 2.0 / eFile989 / Mailing Money - PaymentsДоллары в конверте, архивное фото
Доллары в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Тоҷикистон, Шукур Мусоев, мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Исфараро боздошт кардааст, ки дар гирифтани пора мутаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасод дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, Шукур Мусоев,  дар гирифтани 12 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад.

Иззатулло Муҳаммади, первый зампрокурор Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон
244 парвандаи ҷиноятӣ барои ишғолу тақсими нодурусти замин

Бино ба иттилои манбаъ,  Мусоев маблағи маскурро давоми солҳои 2015-2017 аз шаҳрванд Раҳматов Мирзобаҳром барои иваз намудани таъйинотӣ қитъаи замини бошишгоҳи саҳроӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри  Исфара гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Шукур Мусоев  аз 17 январи соли 2020 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Коденкси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Қаблан Сулаймон Султонзода, раҳбари агенти зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеяш гуфт, дар соли 2019 аз ҷониби кормандони Кумитаҳои давлатии идораи замини кишвар 87 ҷинояти хариду фуруши замин ба қайд гирифта шудааст, ки 12 ҳолати он ба шҳари Исфара рост меояд.

Қаллобии мақомдорон ошкор шуд: бар ивази 4 ҳазор доллар ғайриқонунӣ замин фурӯхтанд

Ҳамчунин Иззатулло Муҳаммадӣ, муовини аввали прокурори вилояти Суғд зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2019 дар пайи ошкоршавии ҳолатҳои ғайриқонунӣ тақсим ва ишғол намудани қитъаҳои замин, 244 парвандаи ҷиноӣ дар сатҳи вилоят оғоз намудааст.

ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаи 12-сола: парвандаи ҷиноӣ алайҳи марди 65-сола, ки "замин медиҳам гуфт"

Ба гуфти Иззатулло Муҳаммадӣ, 155 адад, аз шумори 244 парвандаи ҷиноӣ марбут ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ, 46 парвандаи ҷиноии дигар барои ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин ва 43 парвандаи дигар вобаста ба қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ будааст.

"Аз рӯи категорияҳо чунин шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд: 14 раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 7 раисони ҷамоатҳо, 3 нафар кормандони кумитаи заминсозӣ, 7 нафар аз ҳисоби корхонаҳои фаръии ба қайдгирии замин мебошанд", - таъкид намуд Муҳаммадӣ.

Номбурда гуфт, ба ҳисоби парвандаҳои ҷиноӣ, ҳамчунин 1196 нафар барои риоя накардани қонунгузории замин ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 287 каси дигар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0