ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи марди 65-солае аз ноҳияи Вахш гузориш медиҳад, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии зани 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,10-гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 7 ҳазору 400 доллари амрикоӣ гирифтааст.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбаршаванда, марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободро дастгир карданд", - тавзеҳ додааст ВКД.
Манбаъ таъкид мекунад, ки мард то ҳол маблағҳои гирифтаашро бар нагардонидааст.
Ошкор шудани қаллобии 1 миллиону 111 ҳазор сомонӣ дар Душанбе
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 338 қисми 2, банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.