Ҷашнҳои рӯзи 18 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 18 февраля
День 18 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми феврал дар Гамбия — Рӯзи истиқлолият, дар Исландия – Рӯзи занон, Рӯзи Вашингтон дар ИМА ва Рӯзи маъмурони роҳ дар Русия мебошад

Рӯзи 18 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 миёни Британиёи Кабир ва Зеландияи Нав алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.

День 17 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1952 Туркия ва Юнон ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳамроҳ шуданд.

Соли 2016 дар Ҳиндустон ширкати маҳаллӣ — мобилии "Ringing Bels" арзонтарин смартфон дар ҷаҳонро ба фурӯш баровард, ки 3,6 доллари ИМА арзиш дошт.

Рӯзи 18 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 дар вилояти Суғд фестивал-озмуни "Таронаи русӣ" баргузор гардид.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон —  шаҳри Душанбе  миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 1911 бар асари заминҷунбӣ дар нуқтаи марказии дарёи Мурғоб (дар Тоҷикистон) дар рӯ ба рӯи деҳаи Усой  кӯҳпораҳои зиёде пеши дарёро гирифта, сарбанд ташкил карданд, ки  дар натиҷа кӯли калоне пайдо шуда,  деҳаи Сарез зери об монд. Аз ин сабаб он ҳоло дар ҷаҳон ҳамчун кӯли Сарез машҳур аст.

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСарезское озеро на Памире, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 18 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Сарезское озеро на Памире, архивное фото

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон  оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 18 феврал

  • Дар Гамбия — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Исландия – Рӯзи занон.
  • Рӯзи Вашингтон дар ИМА.
  • Рӯзи маъмурони роҳ дар Русия.

Рӯзи 18 феврал кӣ таваллуд шудааст

Гулсара Абдуллоева (1948) актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Сайдулло Абдуллоев (1945 2001) доктори илми таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Авнер Аминов (1929) мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раъно Бобоҷонова (1971)- доктори илми филологӣ, профессор.

Дмитрий Дудкин (1909 1981) нависанда.

Зафар Дўстов (1944) нависанда.

Хурсандмурод Зарифов (1961) сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Геннадий Зубарев (1914-1973)- арбоби давлатӣ.

Сафаралӣ Кенҷаев (1942 1999) арбоби давлатӣ, нависанда.

Юлий Кёрнис (1907-1977)- доктори илми кишоварзӣ.

Мирзонабии Холиқ (1962)- журналист.

Рустам Мукимов (1946) доктори илми меъморӣ, профессор.

Санъат Олимов (1932-1987)- мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Насириддин Тўсӣ (1201 1274) мутафаккири форс тоҷик.

Инна Филимонова (1920)- кинодраматург, дорандаи Ҷоизаи давлатии.

Лентаи хабарҳо
0