Ҷашнҳои рӯзи 17 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 февраля
День 17 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳабдаҳуми феврал дар Ҷумҳурии Косово – Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад. Дар ин рӯз Соли 1979 ҷанги Чин ва Ветнам оғоз шуд

Рӯзи 17 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1852 - ифтитоҳи осорхонаи Эрмитаж дар Санкт-Петербург.

CC BY-SA 3.0 / Sammovar / Здание Эрмитажа, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 17 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Здание Эрмитажа, архивное фото

Соли 1869 аввалин ҷамъияти ҳуқуқии ҳифзи ҳайвоноти хонагӣ таъсис дода шуд.

Соли 1913 дар иёлати Орегони ИМА қонуни нав дар бораи музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳукми амал даромад.

Соли 1979 ҷанги Чин ва Ветнам оғоз шуд.

Соли 1947 Ассотсиатсияи байналмиллалии ҳуқуқшиносон таъсис ёфт.

Соли 1993 дар Русия ҶМР "Газпром" таъсис дода шуд.

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗдание "Газпром", архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 17 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Здание "Газпром", архивное фото

Соли  2000 системаи амалиёти Microsoft Windows 2000 расман фаъол гардид.

Соли 1994 "Созишнома алайҳи ҷинояҳои мутташаккилона" аз ҷониби вазирони корҳои дохилии ИДМ имзо шуд.

Рӯзи 17 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокима гардиданд.

Соли 2003 Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагонро оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

День 14 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 14 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар шаҳри Маскави Русия 8 – умин  мусобиқаи кушоди "Аэрофлот – 2010"  баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро шоҳмотбозон Фаррух  Амонатов,  Соҳиб  Ҷӯраев ва Муҳаммад Ҳусейнҷонов намояндагӣ карданд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни мусаввари "Занон дар тиҷорат" дар доираи лоиҳои "Пешбурди ҳуқуқи иқтисодии занон ва духтарон" баргузор гардид.

Соли 2018 Федератсияи футболи Тоҷикистон ва агентии рекламавии "Profi Print" шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти мамлакат баргузор гардид, ки дар он асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ гардид.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар атрофи Қасри Миллат иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар қаламрави мамлакат оғози расмӣ бахшиданд.

Соли 2016 дар мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, муқобилият бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, амнияти иттилоотӣ, мубодилаи хабару иттилоот ва ғайра баррасӣ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 феврал

  • Дар Ҷумҳурии Косово – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 17 феврал кӣ таваллуд шудааст

Фатҳулло Абдуллоев (1959) - актёри театр.

Сироҷиддин Аслов (1964) - арбоби давлатӣ.

Любов Григорева (1928)- публисист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Алексей Дяков (1896 - 1974) - доктори илми таърих, профессор.

Нўъмонҷон Раҳимҷонов (1941)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мардон Розиқов (1912 - 1943) - актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Табарӣ Абдуҷаъфар (838 - 923) - муаррих ва фақъеи арабзабони форс - Тоҷик.

Тағойназари Бақо (1955)- шоир.

Омоилахон Тошев (1958) - устоди рақс, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Порфирий Фалбов (1906-1967)- рассом.

Ҳадиса (Қурбонова) (1940) - Шоираи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Ҳамид Саид (1899 - 1978) - шоири халқӣ.

Лентаи хабарҳо
0