Таблиғи либоси миллии занонаи тоҷикӣ дар Фаронса

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкДевушки в национальной таджикской одежде, архивное фото
Девушки в национальной таджикской одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири фавқулодаи Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар дар мулоқот бо ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн изҳор доштаст, ки бонувони фаронсавӣ ба либоси занонаи мардумии тоҷик ҳавасманд ҳастанд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Фаронса ҳамакнун либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ ва ташвиқ мешаванд. Ба чунин хулоса сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ва ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн Ҷамшед Ғанизода расиданд.

Посол Франции Ясмин Гуедар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Фаронса дар мулоқот бо вазири фарҳанг аз таваҷҷӯҳ ба шашмақом ва синамои тоҷик гуфт

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот пешниҳод намуданд, ки номгӯи либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ ташвиқ гардида, ба ин восита бонувони Фаронса ба либоси занонаи тоҷикон дастрасӣ пайдо намоянд.

Ясмин Гуедар бо боварӣ иброз намудааст, ки аз ҷониби бонувони Фаронса либоси занонаи мардуми тоҷик хуб истиқбол гирифта мешавад.

Орумбекзода дар Форуми Париж аз сиёсати пешгирифтаи Раҳмон ҳарф зад

Зимнан, сафири Фаронса ва ректори донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, масъалаҳои ҳамкорӣ байни ин донишкада ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Фаронса, ҳамчунин мубодилаи донишҷӯёни ду давлат муҳокима намуданд.

Сафири Фаронса аз робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия изҳори қаноатмандӣ намуд.

Лентаи хабарҳо
0