Сафири Фаронса дар мулоқот бо вазири фарҳанг аз таваҷҷӯҳ ба шашмақом ва синамои тоҷик гуфт

© Фото : Амир ИсаевПосол Франции Ясмин Гуедар, архивное фото
Посол Франции Ясмин Гуедар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тозатаъини фарҳанг Зулфия Давлатова бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Зулфия Давлатзода Вазири фарҳанги Тоҷикистон дирӯз, 12 - уми феврал бо сафири фавқулодаи Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ баргузор намуд.

Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Фаронса мехоҳад Раҳмон зимни сафараш мушкили бонкҳоро ҳал кунад

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо бобати рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар табодули назар намуданд.

Ясмин Гуедар иборз намудааст, ки қавӣ будани муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ба рушди робитаҳои дуҷониба дар дигар соҳаҳо замина ба вуҷуд меорад.

Орумбекзода дар Форуми Париж аз сиёсати пешгирифтаи Раҳмон ҳарф зад

Манбаъ меафзояд, сафири Фаронса аз таваҷҷӯҳи амиқ ба шашмақом, рассомӣ ва синамои тоҷик ибрози назар намуда, афзудаст, ки дар ин самт ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Зимнан, ҷонибҳо масоили баргузории намоиши нигораҳои таърихии тоҷик дар Осорхонаи Гимеи Порисро баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, чорабинии мазкур дар осорхонаи Порис моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0