ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дастаи футболи "Хуҷанд"-и Хуҷанд аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020, фардо 19 феврал ба муқобили дастаи мунтахаби "Нефтчӣ"-и Қирғизистон баргузор мекунад.
Дар ин бора раиси вилоят ва раиси Федератсияи футболи Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, зимни дидор бо роҳбарону базингарони дастаҳо, сарпарастон ва дигар шахсони масъул ширкат намуда, хабар дод.
Бино ба гуфти Аҳмадзода барои ширкати фаъолонаи дастаи Хуҷанд имсол аз ҳисоби буҷҷа 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва аз тарафи сарпарастон дар мавсими имсола боз дастаи "Хуҷанд" дастгирӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, раиси вилоят сармураббии дастаи Хуҷанд Никола Лазаревичро барои ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику таҳният гуфта таъкид кард, ки аз вохӯриҳои интихобии Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё Мақомоти Суғд ва мухлисон аз дастаи Хуҷанд дастовардҳои хубро интизоранд.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи футболи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон бозии ҷавобияшро дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мекунад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Бозӣ бо дархости дастаи футболи "Хуҷанд" бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати пирӯзӣ дастаи "Хуҷанд" ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои мунтахаби "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Олтин Асир"-и Туркманистон ва "Дордой"-и Қирғизистон рақобат мекунад.