ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки дар равобити ду кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайваст.
Вазири хориҷа ёдрас шуд, ки мощи июни соли гузашта Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод ва дар чаҳорчуби ин сафар мулоқоти роҳбарони ду кишвар сурат гирифт, ки дар он тарафҳо нигоҳҳои сиёсии худ барои беҳтар намудани муносибатҳо миёни ду кишварро баён намуданд.
Ҳамчунин вай афзуд, барои беҳтар намудани равобити Тоҷикистону Эрон дар моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи 13-уми комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оиди ҳамкориҳои тиҷоратӣ иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим барои беҳтар намудани равобити ду кишвар баррасӣ шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, зимни гуфтушунидҳо яке аз масъалаи муҳим ин хотима додани корҳои боқимонда дар сохтмони нақби “Истиқлол” буд, ки дар Тоҷикистон бо кумаки Эрон сохта мешавад.
Транзити коло аз Тоҷикистон аз тариқи бандарҳои Эрон
“Дар ин дидору гуфтугӯҳо қарор қабул карда шуд, ки корҳои боқимонда дар ин нақб бо ҳузури мутахассисони эронӣ дубора оғоз хоҳад шуд. Ин як қадами нек барои беҳтар шудани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Эрон аст”, - гуфт вазир.
Инчунин, вазири хориҷа қайд кард, ки рӯйдоди мусбати дигаре, ки ба ҳамкории ду кишвар такон бахшид ин баргузории намоиши маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон ва сафари раиси вилояти Хуросони Разавӣ ба Душанбе буд.
“Бо такия ба дидору мулоқотҳо метавон гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар соли ахир дар масири рушди мусбат қарор гирифтааст. Яке аз ҷанбаҳои мусбат дар равобити ду кишвар, ин ба охир расонидани сохтмони нақби “Истиқлол” мебошад”, - таъкид дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҳамзамон вазири хориҷаи Тоҷикистон зикр намудааст, ки новобаста аз он, ки муносибатҳо дар баъзе масъалаҳо каме сард шуда бошанд, тарафҳо бояд сатҳи бовариро миёни як дигар беҳтар намоянд ва барои боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ талош намоянд.