Бренди тоҷикӣ. Соҳиби кафши тиллоӣ дар Тоҷикистон кист?

© Facebook / AzamОбувь Таджикского производства "Азам"
Обувь Таджикского производства Азам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азам Аҳруллоев, аз таҷрибаи кори коргоҳи кафшдӯзии худ  гуфтааст, ки боре як харидор ба онҳо фармоиш додааст, ки кафшашро бо тилло ороиш диҳанд. Онҳо дар умум 3 грамм тиллоро барои оришоти пойафзол ҳамроҳ намуда, талаботи мизоҷро қонеъ сохтаанд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд, аввалин коргоҳи истеҳсоли кафшҳои чармии сохти тоҷикӣ бо номи “Azam” ба фаъолият шурӯъ кард.  Ин коргоҳ имконеро фароҳам овардааст, ки хариддорон метавонанд аз рӯи андозаи пой, пойафзол фармоиш диҳанд. 

Мясная продукция на прилавке - Sputnik Тоҷикистон
Made in Tajikistan: ду медал ба маҳсулоти тоҷикӣ дар намоишгоҳи Маскав

Азам Аҳруллоев, бунёдгузори коргоҳи кафшдӯзии “Azam”, зимни ифтитоҳи он дар Суғд гуфт, ки барои онҳо дар ин коргоҳ фармоиши мизоҷ муҳим аст ва онҳо кӯшиш мекунанд, вобаста ба завқи харидорон мол истеҳсол кунанд.

Роҳбари коргоҳи “Azam” аз таҷрибаи кори ин коргоҳи кафшдӯзӣ, ки инак моли он, аз брендҳои тоҷикӣ дар бозор  маҳсуб мешавад, гуфтааст, боре як хариддор ба онҳо фармоиш додааст, ки кафшашро бо тило ороиш диҳанд. Онҳо дар умум 3 грам тиллоро барои оришоти пойафзол ҳамроҳ намуда, талаботи мизоҷро қонеъ сохтаанд.

 “Дархост шуда буд ва кафши бренди тиллоӣ ҳам духта додем. Агар хато накунам нархи он баробар ба 3 ҳазору 500 сомонӣ буд. Ҳоло тамоми кафшҳо пурра аз чарм сохта мешавад. Дар ин ҷо ба ҷуз аз таҷҳизоти дӯзандагӣ ҳама кор дастӣ анҷом дода мешавад”,- гуфт Аҳруллоев.

Бино ба гуфти масъулин, ҳоло бештар аз сад навъи кафши чармии мардона ва занона  дар “Azam” истеҳсол карда мешавад, ки ашёи хоми он Русия, Узбекистон ва Тойланд ворид мешавад.

Международная универсальная выставка-ярмарка Таджикистан 2019 - Sputnik Тоҷикистон
“MADE IN TAJIKISTAN”. Муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ

Бино ба гуфти Азам Аҳруллоев, онҳо чанд сол муқаддам ин коргоҳро дар шаҳри Душанбе таъсис дода ва ҳоло тасмим гирифтаанд, ки намояндагии онро дар Суғд низ фаъол гардонанд.

Азам Аҳруллоев гуфт, чизе, ки ӯро барои таъсис додани ин коргоҳи истеҳсолӣ водор кардааст, ин дуруст коркард нашудани пусти чорво дар Тоҷикистон будааст.

 “Дар кишвари мо, пусти чорво бисёр аст, аммо он дуруст истифода намешавад, зеро барои дуруст истифода кардани он, коркард лозим аст. Аммо афсус, ки аз ҳамин сабаб бештари пусти чорво ба хориҷа бурда мешавад. Мо ин идеяро пайгирӣ кардем ва инак се сол мешавад, ки ба истеҳсоли пойафзол дар кишвар машғул ҳастем”,- иброз дошт Аҳруллоев.

Дар коргоҳи “Azam” ба ҷузъ кафш, истеҳсоли бештар аз 30 навъи ҳамён ва 10 навъи ҷузвдон ва ҳам миёнбанд роҳандозӣ шудааст. Ин коргоҳ қодир будааст, ки тибқи талаботи мизоҷон дар як шабонарӯз то 100 ҷуфт кафш истеҳсол кунад. 

Бунёди ин коргоҳи истеҳсолӣ, аз василаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар арзёбӣ шуда  ва моли он бренди тоҷикӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0