ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар яке аз майдонҳои сохтмонии вилояти Архангелски Русия аз ошёнаи 12-уми бинои сохташуда шаҳрванди Тоҷикистон ба замин сарозер шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии ин вилоят.
Бино бар иттилои манбаъ, шахсе, ки аз ошёнаи 12-ум ба замин сарозер шудааст, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон будааст. Ҷавони 24-солаи тоҷик ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Маълумоти иловагӣ дар бораи ному насаб ва шахсияти ин ҷавони 24-сола то ҳол маълум нест.
Маълумлум шудааст, ки ҳодисаи нохуш дар субҳи содиқ дар ҳудуди ҳиёбони Ломоносови шаҳри Архангелск рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир кормандони Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Архангелск татишоти ин ҳодисаро оғоз намудаанд.
Мақмоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳоли ҳозир ба санҷиши рух додани ин ҳодисаи нохушро оғоз намуда, риоя намудани техникаи бехатарӣ дар ин сохтмонро тафтиш доранд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон низ ба ҳалокат расида буд.
Ин ҷавон ба майдони сохтмон барои кор рафта буд ва дар рӯзи аввали корӣ аз ошёнаи 17-уми бинои сохташуда дар хиёбони Комендантский ба замин сарозер шуд.