Рӯзи 14 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1917 Ҳукумати Англия ба занон иҷозати ронандаи таксӣ шудан дод.
Соли 1946 Пентагон дар бораи сохта шудани аввалин компютери рақамӣ хабар дод.
Рӯзи 14 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо неруи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
Соли 2013 дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ "Asian Express Airlines" ба қайд гирифта шуд.
Соли 2014 Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхати раддабандии дастаҳои миллии футболро нашр намуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё зинаи 14-умро касб намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 13 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмологӣ" муҳокима карда шуд.
Соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 14 феврал
- Рӯзи байналмилалии радио.
- Рӯзи ошиқон
Рӯзи 14 феврал кӣ таваллуд шудааст
Соли 1929 – академик Ислом Абдусаломов.
Соли 1952 – мусиқичӣ, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Дилбар Валаматзода.