Маркази тадқиқоти стратегӣ яке аз беҳтарин маркази таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ дониста шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание центра стратегический исследований ЦСИ
Здание центра стратегический исследований ЦСИ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи Пенсилвания Амрико феҳристи марказҳои пешрафтаи таҳлилӣ “Global Go To Think Tank Index Report 2019”-ро муаррифӣ намуд, ки дар он Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба феҳристи 50 маркази беҳтарин таҳлилии Осиёи Марказӣ шомил гардидааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” , дар феҳристи беҳтарин марказҳои таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ, Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (МТС) миёни 63 пажӯҳишгоҳи беҳтарини тадқиқотию таҳлилии Осиёи Марказӣ зинаи 37-умро ишғол намудааст.

Здание центра стратегический исследований ЦСИ - Sputnik Тоҷикистон
МТС: Донишҷӯёни тоҷик бо талоши Тоҷикистону Русия аз Вуҳан берун меоянд

Гуфта шудаааст, ки дар ин феҳрист МТС дар муқоиса бо соли гузашта як зина боло рафта ааст.

Дар феҳристи мазкур инчунин дар зинаи 57-ум Маркази бозори озоди Тоҷикистон низ ҷой дода шудааст. Ин марказ дар муқоиса ба соли гузашта ду зина боло рафтаааст.

Муаллифони феҳристи мазкур инчунин ҳисоб кардаанд, ки дар Тоҷикистон 7 маркази таҳлилӣ фаъолият мекунанд.

 Дар гузориш оварда шудааст, ки дар Қазоқистон 31 маркази таҳлилӣ, дар Қирғизистон — 28, дар Ӯзбекистон – 12 марказ фаъоланд, Туркманистон ба рейтинг шомил карда нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0