ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Олмон ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи хос дода мешавад. Ин нуктаро сафири Олмон Андреас Протманн дар Тоҷикистон аснои мулоқот бо Вазири тозатаъини маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода изҳор доштаст.
Зимнан, ҷонибҳо аз ҳамкории ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар асоси Протоколи ҳамасолаи гуфтушунидҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони немисӣ ба роҳ монда шуда, наздик ба 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Олмон таҳсил менамоянд.
Поафзорро аз вазири пешӣ пурсед: Вазири нави маориф гуфт, иншоаллоҳ, савдоро поён мебахшад
Андреас Протманн зикр кард, ки дар Олмон ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, донишҷӯёни олмонӣ дар лагерҳои тобистона забони тоҷикиро меомӯзанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар самти зиёд намудани теъдоди бурсияҳо, табодули таҷрибаи ҳайати омӯзгорону профессорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти таҳсилоти томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак ҳамкориро вусъат мебахшанд.