Қисмеро мешиносам: вазири маориф дар бораи устодони боздоштшуда ба иттиҳоми "ихвоният"

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири маорифи Тоҷикистон боздошти устодони донишгоҳҳо ба иттиҳоми узвият дар созмони "Бародарони мусулмон" ё "Ихвон-ул-муслимин" – ро таъйид кард

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Муҳаммадюсуф Имомзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, маводи марбут ба далоили боздошти устодони донишгоҳҳо дар ихтиёри сохторҳои қудратӣ аст ва ӯ ҳамин қадар маълумот дорад, ки теъдоде аз онҳо боздошт шудаанд.

"Лекин натиҷаи тафтишот ва қарори суд ба мо маълум нест. Аз ин хотир дар бораи касе чизе гуфта наметавонам. Дигар ин, ки вақте дар бораи ин ё он шахс маълумот нест, бисёр бад аст, ки нисбати ӯ дурӯғ гӯӣ ё туҳмат кунӣ. Онҳо айни ҳол гумонбар ҳастанд. Тафтишоти сохторҳои қудратӣ идома дорад. Анҷом ки ёфт, мо аз натиҷаҳояш хабар хоҳем дод", - гуфт вазири маориф.

Қабл аз таъйиди мақомот дар расонаҳои мухталифи дохилу хориҷ аз боздошти устоду донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон матолиби зиёде пахш шуданд, то ин ки зимни як нишасти матбуотӣ Юсуф Раҳмон, прокурори генералии кишвар боздошти як корманди мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара, зиёда аз 20 нафар аз донишгоҳҳои олӣ ва дигар мақомоти ҳукуматро таъйид кард.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Мисриҳо?”: боздошти ду хориҷӣ бо иттиҳоми узвият дар "Ихвон-ул-муслимин"

Вай гуфт, алайҳи ҳамаи онҳо бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистӣ-террористии "Бародарони мусулмон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Дар робита бо бақия аъзои ин созмон корҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ идома доранд. Дар ҳоли ҳозир, муфатишони прокуратура дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин парвандаҳоро таҳти баррасӣ қарор додаанд", - гуфт прокурори генералӣ.

Муҳаммадюсуф Имомзода, ки тоза аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллӣ ба курсии вазорати маорифи Тоҷикистон такя задааст, дар бораи шахсияти устодон ва ё донишҷӯёни донишгоҳҳо дақиқ чизе негуфт ва ҳам аз ҳеҷ як нафаре ном набурд, аммо афзуд, бо қисме аз онҳо ошноӣ дошт.

"Як қисмашон аз мактабҳои олӣ ҳастанд. Олимонанд. Онҳоро ҳамчун олим, инсон ва шахсият мешиносам. Масалан, дар Донишгоҳи миллӣ ҳам буданд. Медонам. Гунаҳкор будан набуданашонро муайян кунанд, боз хабар медиҳем", - гуфт ӯ.

Ҳамзамон дар посух ба ин суол, ки "оё дар миёни боздоштшудагон ду шаҳрванди Миср будаанд, ки яке ҳам устоди Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон буда, дар пайи як созишнома миёни вазоратҳои маорифи ду кишвар дар Тоҷикистон кор мекардааст?", - посухи мусбат дод, аммо ҷузъиёти дигареро ба миён нагузошт.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъйид: боздошти 113 нафар бо гумони узвият дар "Бародарони мусулмон"

Қаблан ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи боздошти донишҷӯёнаш ба иттиҳоми узвият дар созмони террористию экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” гуфт, чанд донишҷӯи ин донишгоҳ минҳайси гумонбар таҳти таҳқиқ қарор гирифта, сипас раҳо шудаанд.

Усмонҷон Юсуфӣ: дар ҷомеа қувваҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд вазъи сиёсиро ноором созанд

"Бино ба таҳлили коршиносони мо ягон донишҷӯямон ба ягон гуруҳ шомил нест. Донишҷӯён пурсида, ҳамашон ҷавоб дода шуданд", - гуфт Маҳмадшоҳ Гулзода.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, то ба ҳол дар кишвар 113 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи "Ихвон-ул-муслимин" боздошт шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0