Нашри суруду намоҳанги нави Зулайхо Маҳмадшоева - видео

© SputnikС концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой
С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ахиран суруд ва намоҳанги ҷадиди худро пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева - овозхони машҳури тоҷик таронаи нави худро таҳти унвони "Ошиқӣ дигар тамом аст" пешкаши мухлисонаш кард.

Ин намоҳанги тозаи сароянда, рӯзи 14 феврал дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр шудааст.

То имрӯз ин суруду намоҳанги Зулайхоро беш аз 50 ҳазор кас боздид намуда, беш аз ҳазор кас писандидааст.

"Ошиқӣ дигар тамом аст" - номи таронаи нави ман, ки бо як клипи диданӣ баҳри ошиқону мухлисони ҳунару зебоӣ, эҳдо мекунам. Бо орзу ва умеди он, ки ошиқӣ ҳеч гоҳ тамом нашавад, ин таронаро бо клипи зебояш тақдими Шумо мекунам. Бо як чаҳон ишқу эҳтиром, Зулайхои Шумо", - навиштааст Зулайхо дар шарҳи сурудаш.

Оҳанги ин сурудро сарояндаи номдори Тоҷикистон Манижа Давлатова ва матни сурудро Султон Пайванд офаридааст.

Манижа Давлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Писари Зулайхо Маҳмадшоева дар дасти Манижа Давлатова - акс

Манижа Давлатова дар саҳифааш дар Inatagram аз сабти ин клип ёдрас шуда гуфт, ки он "бадтарин шаби зиндагии Зулайхо" буд.

"Шабе, ки Зулайхо ин сурудро сабт кард, хеле андӯҳгин буд кӯҳи ғам дошт, хаста буд, чанд рӯзе ҳам, ки нахобида... Даркаш мекардам, чун ун шаб бадтарин шаби зиндагиш буд. Гуфтам: шояд сабтро ба рӯзҳои дигар бигзорем, гуфт: на, ман бо ҳамине, ки ҳастам меравам ва мехонам. Манам қабул кардам ва бори дигар ба ҷонфидо буданаш ба ҳунар қоил гаштам", - навиштааст Манижа.

Лентаи хабарҳо
0