ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Овозхони машҳури эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева аз ошноӣ бо сарояндаи номдор Манижа Давлатова изҳори хурсандӣ карда гуфтааст, ки "тасаввур ҳам намекард, ки рӯзе Манижа фарзандашро ба оғӯш мегирад".
"Вакте ошиқи ин бонуи ҳунар гаштам, ҳатто тасаввур намекардам, ки мо чунин наздик мегардем ва рӯзе ӯ фарзанди маро ба оғӯш мегираду дилбастаи ӯ мегардад", - навиштааст Зулайхо.
Ӯ афзудаааст, ки "баъзеҳо мегӯянд қисмат дуруғ аст, аммо ман ба қисмати худам хеле эътимод пайдо кардам".
"Қисмат метавонад дуртаринҳоро наздик ва бегонатаринҳоро хеш гардонад. Шукр, ки ҳардуи инҳоро дар канорам дорам ва ба ҳардуи инҳо талаби дуъо мекунам! Худоё нигаҳбонашон бош!".
Ахиран Зулайхо Маҳмадшоева аз сабти суруди ҷадид худ, ки таҳти унвони "Ошиқӣ дигар тамом аст" хабар дод, ки оҳанги онро Манижа Давлатова эҷод кардааст.
Зулайхо пештар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Манижа Давлатова устодаш дар ҷодаи ҳунар аст.
"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам".