То ҷасадро набинам: Раҳимзода дар бораи тақдири Ҳалимов ва ҳамсараш Ҳумайро

© Кадр из YouTubeГулмурод Халимов, архивное фото
Гулмурод Халимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои махсус,“ОМОН”, ки ба “ДОИШ” пайваст, иттилоъ гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раҳимзода изҳор дошт, ки иттилоъ дар бораи кушта шудани Ҳалимовро аз расонаҳо ва ҳамкорон гирифтаанд, аммо боз санҷишҳои иловагӣ ҳастанд, ки онро анҷом дода истодаанд.

Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Тоҷикистон ҳукми ошӯбгарони зиндони Ваҳдатро эълон кард

Раҳимзода таъкид намуд, ки то ҷасадро набинад, дақиқан кушта шудани Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонад.

“Наметавонам, ба ин суол мушахассан ҳа ё не посух диҳам, то ҷасадро набинам”, - изҳор дошт вазири умури дохилӣ.

Ӯ гуфт, дар маҷмуъ иттилоъ гирифтаанд, ки Ҳалимов дар пайи як амалиёти махсус кушта шудааст. Вазир афзуд, дар мавриди Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари Ҳалимов, ки баъдан бо ӯ пайваст, феълан иттилое рӯи даст надоранд.

Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дода буд, ки дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.

Лентаи хабарҳо
0