Додгоҳи Тоҷикистон ҳукми ошӯбгарони зиндони Ваҳдатро эълон кард

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 28 нафари маҳкумшуда ба ошӯб дар зиндлони шаҳри ваҳдатро эълон намуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳукми 28 нафар маҳкумшуда, ки ба ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат даст доштанд аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон бароварда шуд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Эмомалӣ Раҳмон барои санҷиши масъулини зиндонҳо ва барканориҳо

Ба иттилои манбаъ, ҳукми маҳкумшудаҳо ҳанӯз моҳи октябри соли равон  содир шуда буд. Ба онҳо мутобиқи 16 модда айбнома пешниҳод гардида, додгоҳ  гуноҳашонро дар ташкили ошӯб дар муассиса собит намуд.

Зикр шуд, ки парванда махфӣ буда, аз ин рӯ, дар бораи ҷузъиёти моддаҳои айбдорӣ ва муҳлатҳои ҳукм маълумот дода намешавад.

Хатар ба ҷомеа доранд: Раҳмон дархости авфи 99 зиндониро рад кард

Вакилони дифои ин маҳкумшудаҳо низ гуфтаанд, парванда муҳри махфӣ дошт ва қазияҳои додгоҳӣ низ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуд. Вакилони дифои онҳо имзо гузоштаанд, ки ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд ва ба ин хотир намехоҳанд исмашон дар матбуот зикр шавад.

Генерал Умаров дар бораи кушташудаҳо дар “Кирпичний”

Аммо яке аз вакилони дифоъ бо шарти зикр нашудани номаш гуфтааст, ин 28 нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки ба созмондиҳандагони ошӯб "байъат" кардаанд.

Зиндониёни афвшуда дар зиндони ноҳияи Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Оғози баррасии додгоҳии қазияи ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Ёдрас мекунем, рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.

Тибқи иттилоияи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи “Давлати исломӣ” буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд".

Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуданд. 

Лентаи хабарҳо
0