Президент Соҳибовро аз мақомаш барканор кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шарифзода Зайнулло Маҳмадуллоро, ки бештар бо насаби пешинааш Зайнулло Соҳибов маъруф аст, аз мақоми мудири кулли корхонаи “Сементи тоҷик” озод кардааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумат дар бораи барканории Зайнулло Маҳмадуллоро имрӯз имзо кардааст. Дар қарор далели барканории  Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло гузаштан ба кори дигар зикр шудааст, аммо феълан маълум нест, ки Зайнулло Маҳмадулло кадом мақомро соҳиб хоҳад шуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Боз таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Ҳукумат, вазорат ва додситони куллро ҷо ба ҷо кард

Зайнулло Маҳмадулло аз хонаводаи маъруфи Соҳибовҳо мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолияти тиҷорӣ доранд. Маҳмадзоҳир Соҳибов ва Шамсулло Соҳибов аз аъзои ин хонавода, домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошанд.

Зайнулло Соҳибов аз соли 2014-ум роҳбарии “Сементи тоҷик”-ро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин бо дастгириҳояш аз бошгоҳи футболи "Равшан"-и Кӯлоб шинохта мебошад. 

Ин барканорӣ дар ҳолест, ки ахиран парлумон созишнома барои бунёди корхонаи “Тоҷиксемент”-ро тасвиб расонд, ки баъди ифтитоҳи он корхонаи “Сементи тоҷик” дар пойтахт баста мешавад.

Тавлиди семент. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон се корхонаи ҷадиди тавлиди семент фаъол мешаванд

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта зимни муаррифии созишномаи Ҳукумат бо “Тоҷиксемент”, изҳор дошта буд, ки корхонаи ҷадид бо харҷи 1 миллиард сомонӣ бунёд мегардад ва ба гуфтаи Ҳамрализода ин маблағи сармоягузори ватанӣ мебошад.

Ӯ аз сармоягузори ватанӣ ном набурд,  аммо таъкид кард, ки корхонаи нав бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бо иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент ва истеҳсоли 80 миллион дона халта дар як сол бунёд мегардад.

Дар ҷаласаи парлумон хабар дода шуда буд, ки бар асоси лоиҳа сохтмону насби таҷҳизоти истеҳсолӣ дар корхона ҳудуди 1,5 сол тӯл хоҳад кашиду  дар ҷараёни сохтмон 1500 нафар, аз ҷумла 1350 шаҳрванди Тоҷикистон ҷалб мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0