Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо шуданд

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истифодаи китобҳо ройгон буда, кас метавонад дар муддати барқнок кардани телефонаш ба мутолиаи китоб машғул шавад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобхонаҳо пайдо шуданд.

Ҷевонҳои шишагиро Ташкилоти ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помирэнерҷӣ" дар кӯчаҳои шаҳр гузоштааст.

Шаҳрои Хоруғ. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо мешаванд

Дар ин бора дар саҳифаи расмии фейсбукии ташкилот хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки ширкати "Помирэнерҷӣ" 1400 китобро дар ин ҷевонҳо ҷой додааст.

Китобҳо бо се забон, тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошанд. Ҷевонҳо бо дизайни замонавӣ сохта шудаанд.

“Ҷанг барои “Маснавӣ”: дар Душанбе тайи 5 соат 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд

Роҳбари ТҶ "Умедвор" Маҳмуд Раҳимбеков дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки  "чанд соли охир дар мамлакат барои ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҳам ҷавонону калонсолон ба мутолиаи китоб аҳамияти хосса зоҳир мешавад. Амрҳои Президент  дар бораи нашри китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ва идомаи озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон- ватани азизи ман" моро водор намуданд, ки  дар амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат  нақши худро гузорем".

Лентаи хабарҳо
0