Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо мешаванд

© WikimediaШаҳрои Хоруғ. акс аз бойгонӣ
Шаҳрои Хоруғ. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дар давоми моҳи май ҷевонҳои пур аз китоб ва барқдиҳанда пайдо мешаванд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар ин бора созмони довталабони "Умедвор" дар саҳифаи расмиашон дар фейсбук хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин навгонӣ дар давоми моҳи май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайдо хоҳад шуд.

"Созмони довталабони "Умедвор" бо сарпарастии ширкати "Помир Энерҷӣ" дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ҷевонҳои пур аз китоб бо ноқилҳои заряддиҳиро насб мекунад",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки ризокорони ин созмон дар давоми се моҳ ҷевонҳои замонавиро сохтусоз кардаанд. Ва акнун лозим аст, ки онҳоро аз китоб пур кард. Ризокорони созмон аз мардум даъват мекунанд, то дар пур кардани ҷевонҳо аз китоб саҳм бигиранд.

"Барои фаъол шудани лоиҳа ҷевонҳоро бояд аз китоб пур кард. Нафароне, ки мехоҳанд саҳми худро дар ин лоиҳа бигзоранд, метавонанд китобҳоро ба созмони "Умедвор" диҳанд".

Истифодаи китобҳо ройгон буда, кас метавонад дар муддати барқнок кардани телефонаш ба мутолиаи китоб машғул шавад.

Лентаи хабарҳо
0