https://sputnik.tj/20200214/4-zabon-35-sola-zodai-Dangara-mushoviri-SMM-raisi-Kumita-shud-1030718395.html
Донандаи 4 забон, 35-сола, зодаи Данғара: мушовири GIZ ва СММ раиси Кумита таъин шуд-акс
Донандаи 4 забон, 35-сола, зодаи Данғара: мушовири GIZ ва СММ раиси Кумита таъин шуд-акс
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шерализода Баҳодур Алиҷони 35-соларо, ки то ҳол дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардааст, имрӯз раиси Кумитаи ҳифзи... 14.02.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-02-14T17:44+0500
2020-02-14T17:44+0500
2021-04-19T16:38+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_d91ed2c1d8e02ab2d566f346aafbe363.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_68:0:968:675_1920x0_80_0_0_d9705c7bb26d069f05b2f3cc3677b0b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, ҳифзи муҳити зист
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, ҳифзи муҳити зист
Донандаи 4 забон, 35-сола, зодаи Данғара: мушовири GIZ ва СММ раиси Кумита таъин шуд-акс
17:44 14.02.2020 (Навсозишуда: 16:38 19.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шерализода Баҳодур Алиҷони 35-соларо, ки то ҳол дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардааст, имрӯз раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъин намуд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Шерализода Баҳодур, зодаи ноҳияи Данғара буда, соли 2007 Донишкадаи техникии Тоҷикистон ва соли 2011 Донишгоҳи Кассели Олмонро хатм кардааст. Ӯ дар мақоми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро иваз намуд, ки имрӯз муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шерализода баробари забони давлатӣ бо англисӣ, олмонӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад.
Аз моҳи апрели соли 2019 то ҳол дар вазифаи мушовири Созмони милали муттаҳид оид ба барномаи муҳити зист ва Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Олмон “Рушди неруи Ҷумҳурии Сербия, Черногория ва дигар давлатҳои Балкани Ғарбӣ ва Ҷумҳурии Ботсвана барои ҳамкориҳои самаранок бо Фонди Иқлимии Сабз” кор мекард, афзуд котибот.
Раиси нави Кумита фаъолияташро соли 2006 ба ҳайси тарҷумон дар ташкилоти CARE оғоз карда, баъдан солҳои 2012 – 2017 устоди ДМТ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон будаст. Баробари кори омӯзгорӣ солҳои 2013-2014 менеҷер оид ба PR ва коммуникатсия дар сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, солҳои 2015-2018 мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба Фонди иқлимии сабз ва солҳои 2017 – 2019 мушовир дар барномаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба занони соҳибкор дар Тоҷикистон дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кор кардааст.