Ҳалокати донишҷӯи 20 - солаи узбак баъди бозгашт аз Чин

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қӯқанд донишҷӯи 20 - сола, ки тоза аз Чин баргашта буд, ба ҳалокат расидаст. Маркази санитарӣ - эпидемиологии ин кишвар омили фавти донишҷӯи ҷавонро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Донишҷӯи 20 - сола, ки пас аз Чин баргаштан дар шаҳри Қӯқанд ба ҳалокат расидаст, на аз "вируси тоҷдор", балки бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтаст, хабар медиҳад UPL.

"Ҳодисаи нохуш рӯзи 5 - уми феврали соли ҷорӣ рух додааст. Ҷавони 20 - соларо дар манзили истиқоматиаш мурда дарёфтанд", - омадааст дар хабар.

Палата в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мураххас шуданд: шифо ёфтани ду маризи коронавирус дар Русия
Зимнан, Маркази санитарӣ - эпидемиологии Узбакистон омили асосии ҳалокати ҷавонмардро ба заҳролудшавӣ аз газ рабт додааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 - уми феврал бинобар хуруҷи маризии сироятии "вируси тоҷдор" дар Чин, раванди интиқоли шаҳрвандони Узбакистон аз ин кишвар анҷом ёфт.

Коҳиши нархи банан дар пасманзари бурузи "вируси тоҷдор" ва ҷавоби вазири тандурустӣ

Охирон парвози ҳавопаймо аз Пекин ба Чин субҳи 6 - уми феврал сурат гирифт ва 251 шаҳрванди Узбакистон ва ватан интиқол ёфтанд. 

Ҳамаи онҳоро дар марказҳои сукунати муваққатӣ дар карантин қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0