ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ван Юнбин шаҳрванди Чин, ки мубталои маризии сироятии "вируси тоҷдор" буд ва дар бемористони Чита бистарӣ гардид, шифо ёфт ва имрӯз мураххас шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти сардухтури беморхонаи сироятии Забайкал Сергей Юрчук.
"Сар аз 26 - уми январ, шаҳрванди Чин бинобар маризи коронавирус будан, дар бемористон бистарӣ шуд ва то ин муддат табобат гирифта, пурра шифо ёфт. Имрӯз ӯро аз бемористон ҷавоб додем", - афзудааст сардухтури беморхона.
Гуфта мешавад, ҳамсар ва духтари ӯро табибон то 14 - уми феврал зери назорат мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар Русия ду мавриди гирифторӣ ба "вируси тоҷдор" ба қайд гирифта шуд, ки яке дар вилояти Тюмен ва дигаре дар Забайкал сабт гардид. Ҳар ду нафари мубтало ба ин бемории сироятӣ шаҳрвандони Чин буданд.
Теъдоди ҳалокшудагон аз коронавирус дар Чин ба 1110 нафар расид
Қаблан, аз шифо ёфтан ва мураххаси бемористон шудани донишҷӯдухтари чинӣ гузориш дода шуд. Ӯ низ пурра сиҳат ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар Чин аллакай бар асари маризии сироятии "вируси тоҷдор" дасти кам 1110 нафар ба ҳалокат расиданд.