ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хукун то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришоти пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.