КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе 24 февраля 2015 года
Снегопад в Душанбе 24 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки охири ҳафтаи равон ҳаво сардтар шуда, боришоти борон ва барфи тар шиддат мегирад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ахиран аз тағйири ҳаво дар саросари кишвар хабар додаст.

"Қарор аст охири ҳафтаи ҷорӣ ҳаво сардтар шуда, боришоти борону барф шадид мегирад. Яхбандӣ ва лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ки шояд дар ин рӯзҳо ба вуҷуд оянд, як силсила тавсияҳоро ёдрас мекунад.  

Улицы Душанбе напоминают северные города России: снег и метель - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳафтаи оянда ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад: барфу борон меборад

КҲФ ба сокинони деҳот, минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор муроҷиат мекунад: ҳангоми гарм кардани хонаҳо, лутфан қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоед, ба хатҳои интиқоли барқ асбобҳои гармкунандаи зиёди барқиро пайваст накунед, ноқилҳо ҳар кадом тавони муайяну мушаххаси бардошт доранд. Тирезаҳо ва ҷойҳои шамолдарои хонаро пӯшед ва гармии кулбаро нигоҳ доред. Ва ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт хеле эҳтиёткор бошед, дудбарои печҳоро боз монед.

Ҳушдори КҲФ аз якбора сард шудани ҳаво аз 1-уми ноябр: Кумита гуфт, чӣ кор бояд кард

Зимнан кумитаи мазкур аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои хатарнок, роҳҳои пурхатари нақлиёт, ғунучини ҳезум ва рафтан ба кӯҳҳову доманукӯҳҳо худдорӣ намоянд. 

Барои гурез аз ҳодисаҳои нохӯш КҲФ аз роҳбарони ҳамаи муассисаҳо, ҳамчунин соҳибони хонаҳои хусусии истиқоматӣ даъват мекунад бомҳои хонаҳои худро тафтиш кунанд ва онҳоро аз барфи зиёд, шушаҳои овезон пок созанд. Ҳамзамон ба соҳибони ин хонаҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тоза кардани бомҳо ҳамеша аз эҳтиёт кор бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0