КҲФ вазъ дар ҷодаҳои асосии ҷумҳуриро нигаронкунанда хонд

© Фото : пресс-служба КЧС РТРасчистка дороги после снежной лавины, архивное фото
Расчистка дороги после снежной лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ба далели боришоти зиёд вазъи роҳҳои асосии ҷумҳуриро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Боришоти зиёд дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва гармшавии ҳарорати ҳаво сабаби фаромадани тарма ва сангрезӣ гардидаст, иттилоъ дод КҲФ.

Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе кушода шуд

Вазъият дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Чаноқ, Шамсиддини Шоҳин-Ванҷ ва Хоруғ-Ишкошим нигаронкунанда боқӣ мондааст, хабар дод "Ховар" аз қавли КҲФ.

Манбаъ зикр кардаст, ки шабонарӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, аз километри 54 то 84 ҳудуди 17 ҳолат ва дар қитъаи роҳи мошингарди Нуробод – Сангвор якчанд ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуданд.

“Барои таъмини бехатарии ҳаракати ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар ҳолати кунунӣ дар қитъаҳои мухталифи шоҳроҳҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ кор бурда истодаанд. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, хеле  эҳтиёткор бошанд”, - омадааст дар иттилоия.

Бехатариро риоя накарданд: ғарқшавии 141 нафар дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон

КҲФ таъкид намудааст, ки дар ҳолати сар задани ҳолати ногувор дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои боварии 112, 93 880 28 19 ва ё 223 13 11 бо қисмҳои навбатдории Кумита муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0