ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Имрӯз роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тарма тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе ба роҳ монда шуд, гузориш медиҳад "Ховар".
"Кормандони филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат ҳаракат дар роҳ аз ҳарду ҷониб имконпазир гардад, - менависад манбаъ дар истинод ба сухангӯи ширкат.
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 9 феврал то инҷониб бинобар шадид ва беист будани бориши барф дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ зиёда аз 30 тарма ба қайд гирифта шудааст, ки калонтарини он 30 метр паҳноӣ ва қариб 10 метр баландӣ дорад.
Бинобар ҳолати бавуқӯъомада, дар мувофиқа бо Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди мазкур муваққатан қатъ шуда буд.
"То ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд", - таъкид кардаанд аз ширкат.
Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст.
“Аз қафои пул давида гаштӣ”: вазири нақлиёт дар бораи IRS ва мушкилоти роҳ
Филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки махсусан дар чунин рӯзҳо бояд дучанд эҳтиёт кунанд. Ронандагон пеш аз баромадан ба сафар мошинҳои худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.