ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хуршед Икромӣ, мудири Маркази миллии тестӣ мегӯяд, довталабоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд, аз имтиёзи бештар бархӯрдоранд.
Икромӣ дар ин бора зимни нишастӣ матбуотӣ изҳор дошта, афзуд ба довталабоне, ки аз мактаби ҳарбӣ гузаштаанд, 75 бал ҳамчун тӯҳфа дода мешавад.
Гузашта аз ин мудири маркази мазкур аз як таҳаввулоти дигар дар системаи ММТ гуфт. Ба гуфтаи Икромӣ, агар қаблан довталабон ду рӯз имтиҳон месупориданд, акнун имтиҳонсупорӣ танҳо як рӯз давом мекунад.
Ба Маркази миллии тестӣ шикоятҳои беасос ворид шудааст
Ҳамзамон, Шодиён Абдулбосит Шодӣ, муовини директори Маркази миллии тестӣ низ ин нктаро зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуда гуфт, қаблан довталабон барои ворид шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ду қисми имтиҳонҳоро месупориданд.
Муовини директори ММТ мегӯяд, агар довталабон пештар маҷбур буданд ду рӯз имтиҳон супоранд, ҳамакнун он як рӯз шуд, ки он аз чор субтест иборат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, довталабон акнун бар иловаи се фанни ихтисосӣ танҳо забони модариро месупоранд.
Номбурда мегӯяд, дар хусуси тарҳи нав корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ гашта буд ва довталабон аз ин огоҳанд.