Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Гурҷистон

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Гурҷистон – “U-19” дар риштаи футбол мусовӣ– 0:0 анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ин аввалин бозии санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Анталияи Туркия мебошад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Nими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16”  - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба чемпионат: наврасони тоҷик тими “Виктория”-и Олмонро шикаст доданд

Ба иттилои манбаъ, дар Анталия тими ҷавонони Тоҷикистон боз се бозии дигари санҷишӣ доир менамояд. Ҳарифони навбатии футболбозони тоҷик баъдтар муайян мегарданд.

“Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия барои тими ҷавонони кишвар як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-31 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

"Вируси тоҷдор" замони баргузории Қаҳрамонии Осиё - 2020 оид ба футзалро лағв кард

Ин дар ҳолест, ки ахиран тамрини мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16” дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расида буд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мунтахаби наврасони тоҷик дар шаҳри Анталия 4 бозии дӯстона анҷом дода, бар бозигарони тими Олмон пирӯз шуданд.

Лентаи хабарҳо
0