Омодагӣ ба чемпионат: наврасони тоҷик тими “Виктория”-и Олмонро шикаст доданд

© Акс аз сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонNими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16”
Nими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16”  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мунтахаби наврасони тоҷик дар шаҳри Анталия 4 бозии дӯстона анҷом дода, бар бозигарони тими Олмон пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҷамъомади машқӣ-таълимии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16” дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расид, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми ҳафтуми Сомон ва Беҳрӯз дар "Paris Grand Slam 2020"

Ба иттилои манбаъ, футболбозони навраси Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи тамринҳо 4 бозии дӯстона анҷом доданд.

“Аз ҷумла, 8 феврал бозӣ бо дастаи ҷавонони “Дебресен”-и Маҷористон мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Голи Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расонд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита афзуд, инчунин шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаи наврасони Озарбойҷон ва тими “Коняспор”-и Туркия зӯрозмоӣ карда, бозиҳоро бо ҳисоби мусовӣ - 1:1 анҷом доданд. Наврасони Тоҷикистон бар тими “Виктория”-и Олмон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кардаанд.

Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ додаст, ки тамринҳо дар Туркия марҳилаи омодагии тими наврасони Тоҷикистон – “U-16” ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0