ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзодаро аз вазифа озод карда ба ин симмат Назирмад Ализодаро таъйин кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардида Ализода Назирмад ба ин вазифа таъин гардид.
Назирмад Ализода кист?
Назирмад Ализода 11 ноябри соли 1967 ба дунё омадааст.
Соли 1993 Донишгоҳи ба номи К.А Тимирязевро дар Маскав бо ихтисоси муҳандис хатм кардааст.
Соли 2001 Донишкадаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисод ва идораи корхонаҳои саноатӣ хатм кардааст.
Аз соли 2003 изматчии давлатӣ мебошад.
Аз 18 июни соли 2014 то 14 январи соли 2019 - сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон буд.
Назирмад Ализода, моҳи январи соли 2019 равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор шуда буд.
Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ
Чанде пас Ализода сафир оид ба супоришҳои махсус, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ шуд.