Зувайдзода: пеш соҳибкорон 10%-и хонаҳоро ба ҳукумат медоданд, ҳозир мехарем

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанМахмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото
Махмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, ҳукумати пойтахт феълан хонаҳои захиравӣ надорад ва агар ба нафаре туҳфа карданӣ шаванд, онро мехаранд

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Зувайдзода гуфт, феълан шаҳри Душанбе замин надорад ва соҳибкорон ҳам ҳаққи муайяни хонаҳоро, ки пештар ба ҳукумати пойхтахт медоданд, ҳозир намедиҳанд.

Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ: дар хонасозӣ монополия нест, нархҳо арзон шудаанд

“Пештар чунин қонун буд, ки соҳибкорҳо 10 фоизи хонаҳои сохтаашонро ба ҳукумати шаҳр месупориданд. 80 хона бошад, 8 хонаашро ба ҳукумати шаҳр месупориданд, барои он ки замини шаҳр буд”, - изҳор дошт ноиби аввали шаҳрдорӣ.

Дар Тоҷикистон дар баробари афзоиши нархи манзил сохтмон низ афзоиш ёфтааст

Ӯ афзуд, ҳозир шаҳрдорӣ замин надорад ва бисёри хонасозиҳо тариқи бартарафкунӣ сурат мегирад. Соҳибкорон худашон гапзанон мекунанд, месозанд, таъкид кард шаҳрдорӣ.

“Ягон хона дар мо намегузарад. Барои ҳамин шаҳри Душанбе хонаҳои резерв надорад. Ба ягон кас туҳфа карданӣ шавем, мо аз ҳисоби худамон мехарем”, - изҳор дошт Зувайдзода.   

Лентаи хабарҳо
0