Вазорат: аз 900 шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистон касе мубталои коронавирус нест

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТабибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ
Табибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
900 шаҳрванди Чин, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, таҳти назорати табибон қарор доранд ва нафаре аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Аз 900 шаҳрванди чиние, ки ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар нафаре аз онҳо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси корона ошкор нашудааст, гузориш медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ситуация в Гонконге в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Шифо ёфтани 4 ҳазор бемор аз "вируси тоҷдор" дар Чин
Манбаъ афзудааст, ки онҳо дар беморхонаҳои сироятии ҷумҳурӣ таҳти назорати табибон қарор доранд.

"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии  мамлакат пурзӯр намуда, дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият дорад", - афзудааст вазорат.

Дастури Президент: ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Чин парвоз кард

Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус барои шаҳрвандон нашр ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим карда шудааст.

"Иқдоми мазкур бо мақсади ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ аз сирояти мазкур ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он мебошад", - гуфта мешавад дар хабарномаи ниҳод.

 

Лентаи хабарҳо
0