ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар Чин дасти кам 3996 нафар пас аз гирифтор шудан ба маризии "вируси тоҷдор" комилан шифо ёфтанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи тандурустии ин кишвар.
Манбаъ меафзояд, аз 42 638 нафар мубталоёни ин маризӣ аллакай 1016 нафар ба ҳалокат расиданд.
"То нимарӯзи 10 - уми феврал, Кумитаи давлатии тандурустӣ аз тамоми манотиқи ин кишвар маълумот дар мавриди теъдоди гирифторони ин маризӣ, шифоёфтагон ва фавти беморон дарёфт намудааст, ки бар тибқи он дар 31 манотиқи Чин ҳудуди 42 638 нафар маризии "вируси тоҷдор" мебошанд, ки аз ин миён 3996 бемор аллакай шифо ёфтанд ва аммо пизишкон ҷони 1016 маризро аз марг наҷот дода натавонистанд", - омадааст дар хабар.
Зимнан, 187,7 ҳазор нафар, ки бо мубталоёни ин маризӣ дар тамос буданд, таҳти назорати табибон қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, давоми шабонарӯзи гузашта, 2478 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 108 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон, шумораи беморон дар ҳолати вазнин дар як рӯз 849 нафар афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Чин рӯзи 31-уми декабр ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.
Ҳалокати 600 нафар аз "вируси тоҷдор": ҳамарӯза даҳҳо нафар сироят мешаванд
Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд.
Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.