Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст

© Sputnik / Владимир Смирнов / Гузариш ба медиабонкПроводник в вагоне поезда Пекин-Москва на железнодорожном вокзале Иркутск-Пассажирский, архивное фото
Проводник в вагоне поезда Пекин-Москва на железнодорожном вокзале Иркутск-Пассажирский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абхазистон тавассути ду гузаргоҳаш "Псау" ва "Ингур" вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба ҳудудаш аз 4 феврали соли равон маҳдуд кард

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҷумҳурии Абхазистон Валерий Бганба дар мулоқот бо сафири Русия Алексей Двинянин хабар додааст, ки кишвараш бо далели зуҳури коронавирус ба 50 шаҳрванди Тоҷикистон, Қирғизистон, Куриёи Шимолӣ ва Узбакистон роҳ надоданд.

Табибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: аз 900 шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистон касе мубталои коронавирус нест
Афзун бар ин, Вазорати корҳои хориҷии Абхазистон муваққатан низоми додани раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ маҳудуд мекунад.

Ин маҳдудият дар ҷумҳурӣ то 7 марти соли равон ҷорӣ мешавад. Табибон кишвар гуфтаанд, ки дар Абхазистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Назорат дар ду гузаргоҳи ҷумҳурӣ "Псау" ва "Ингур" низ пурзӯр карда шудааст.

Пештар Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 900 шаҳрванди чинии ба Тоҷикистон воридшуда, таҳти назорати табибони тоҷик қарор доранд.

Шифо ёфтани 4 ҳазор бемор аз "вируси тоҷдор" дар Чин

11 январ Тоҷикистон 47 шаҳрвандашро, ки бештарашон донишҷӯ будан, аз шаҳри Ухан - маркази коронавирус баргардонд. Дертар мақомот хабар доданд, ки 7 нафар тоҷикистонӣ бо далели доштани таби баланд ба Ватан оварда нашуданд.

Лентаи хабарҳо
0