"Сомон Эйр" шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Вуҳан ба ватан овард - акс

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури УзбакистонЭмомалӣ Раҳмон в ҳайъати расмии Тоҷикистонро ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Тошканд бурд
Эмомалӣ Раҳмон в ҳайъати расмии Тоҷикистонро ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр ба Тошканд бурд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти мақомоти Тоҷикистон, тоҷикистониҳои бозгашта, муддати  ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" 54 шаҳрванди Тоҷикистонро, аз шаҳри Вуҳани Чин - маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан  баргардонид.

Ҳавопаймо имрӯз соати 6-и субҳ дар фурудгоҳи низомии "Айнӣ" фуруд омад, иттилоъ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Қайд мешавад, ки 45 нафарашон донишҷӯён будаанд.

Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Президент: ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Чин парвоз кард

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки  аз Вуҳан  баргардонида шуданд, ду гуруҳи табибон қабул намудаанд ва онҳо муддати  ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 9 феврал ҳавопаймои "Сомон Эйр" барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Вуҳан парвоз кард.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Пекин, то 9 феврали 2020 дар шаҳри Вуҳан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошт.

Ҳавопайои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ буд, ки дар Вуҳан аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида шуд.

Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

Вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Коронавирус не пройдет: аэропорт Душанбе ввел дополнительные меры безопасности - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Ба карантин мефиристем: вазир дар бораи 1,5 ҳазор коргари чинӣ, ки ба ҶТ бозмегарданд

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд.  То рӯзи 9 феврал, ҷонбохтагони бемории бархоста аз коронавирус дар Чин ба 800 нафарро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0