Ба карантин мефиристем: вазир дар бораи 1,5 ҳазор коргари чинӣ, ки ба ҶТ бозмегарданд

Обуна шудан
Вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, коргарони чинӣ ҳини бозгашт аз ватанашон ба беморхонаҳои сироятии Тоҷикистон интиқол меёбанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 10 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, аз рӯзҳои аввали хабари зуҳури вируси "тоҷдор" бо ситоди вижае, ки дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон ташкил шудааст, дар ҳамкорӣ ҳастанд.

Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

Ӯ афзуд, ки таҳти раёсати муовини сарвазир Азим Иброҳим се маротиба бобати пешгирии вируси "тоҷдор" нишаст баргузор шуд ва ҳамаи вазотару корхонаҳо дастуру супоришҳо гирифтанд.

"Мо аллакай корхонаҳоеро, ки дар соҳаи саноат фаъолият мекунанд, муайян кардем ва теъдоди шаҳрвандони Чинро, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд, рӯйхат кардем. Ҳамчунин коргаронеро, ки дар таътил ба Чин рафтанд низ рӯйхат карда ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод намудем", - гуфт вазир.

Бино ба гузориши Заробиддин Файзуллозода, дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон  ҷамоҷамъ 2176 шаҳрвандони Чин кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб танҳо 617 нафарашон ба таътил ба Чин нарафта буданд.

Яъне, 1559 коргари чинӣ, ки ба таътил рафта буданд, ҳамакнун вориди Тоҷикистон мешаванд. 

"Инҳо коргарони корхонаҳои "Зарафшон", ширкати "Зарнисор", ширкати "Душанбе саноати кӯҳӣ", корханаҳои истеҳсоли семент ва бештар коргарони корхонаҳои коркарди маъдан мебошанд. Мо рӯйхати коргаронеро, ки аз таътил аз Чин бозгаштаанд  пешниҳод кардем ва як қисме аз онҳо дар карантин қарор доранд", - гуфт вазир дар нишасти матбуотӣ.

Вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус: ҳар нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, 14 рӯз таҳти назорат мемонад

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд.  То имрӯз ҷонбохтагони бемории бархоста аз коронавирус дар Чин ба 800 нафар арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0